Вохурии Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Дари ал – Аҷран

21.01.2019 17:14

21 январи соли 2019 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Давлати Кувайт Дари ал - Аҷран сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамоӣ  ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мухталиф  мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо таъкид ба амал оварданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg