
25 августи 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури рушд ва ҳамкории байналмилалӣ хонум Риҳом Ҳамад Ал-Ғоним дидору гуфтугӯ кард.
Дар он мулоқот тарафайн бо ишора ба раванди рӯ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт, роҳҳои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар арсаҳои марбут ба рушд ва ҳамкории байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ба таҷрибаи муваффақи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Фароянди Душанбе роҷеъ ба мубориза бо терроризм ва марҳилаи кувайтии он баҳои баланд дода шуд.