
17 августи 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» (Sky Aviation Services Group) Аҳмад Беҳбаҳонӣ дидору гуфтугӯ кард.
Дар он дидор масъалаҳои роҳандозии ҳамкории соҳавӣ байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» ва мавзуъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.