Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар самти консулӣ

02.08.2026 21:26

2 августи 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури консулӣ Азиз Раҳим ад-Дайҳонӣ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни он мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти консулӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти консулии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ таъкид намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg