Дидорҳои сафири Тоҷикистон бо сафирони Қатар ва Баҳрайн

28.07.2026 20:29

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ 28 июли 2026 бо сафирони Давлати Қатар Алӣ бин Абдуллоҳ Ал-Маҳмуд ва Подшоҳии Баҳрайн Салоҳ Алӣ Ал-Моликӣ дидору гуфтугӯҳои ҷудогона анҷом дод.

Дар ҷараёни он мулоқотҳо, ки дар фазои дӯстона сурат гирифтанд, тарафҳо мутаносибан перомуни вазъу дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо Қатар ва Баҳрайн ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg