Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ

28.07.2026 00:31

27 июли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури созмонҳои байналмилалӣ Содиқ Маърафӣ дидору гуфтугӯ кард.

Дар он мулоқот тарафайн бо ишора ба собиқаи ҳамкории  мутақобилан судманди Тоҷикистон ва  Кувайт дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, омодагии кишварҳои худро бобати идомаи раванди ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар мавриди масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ ва ҳимояти мутақобил аз ибтикорҳои ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg