
26 июли соли 2026 дар идомаи фароянди шиносоӣ бо аъзои ҳайати дипломатии муқими Давлати Кувайт сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Салтанати Умон Солеҳ ибни Омир ибни Ҳорис Ал-Харусӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Умон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.