

20 июли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури Осиё Наввоф Абдуллатиф ал-Аҳмад дидору гуфтугӯ кард.
Дар он дидор доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои авлавиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин замина, аҳаммияти амалисозии тавофуқҳое, ки ҳангоми боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Кувайт 3-5 ноябри 2024 ҳосил шуда буданд, таъкид гардид.
Тарафҳо изҳори умедворӣ карданд, ки Панҷумин нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фаннӣ, ва даври чаҳоруми ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, ки абзорҳои муҳим бобати густариши беш аз пеши муносибатҳои дуҷониба мебошанд, ба зудӣ баргузор гарданд. Дар ин росто, ба саҳми фазояндаи Сандуқи кувайтии рушд дар амалисозии лоиҳаҳои роҳбурдӣ дар Тоҷикистон арҷ гузошта шуд.
Гузашта аз ин, мусоҳибон дар бораи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар арсаҳои фарҳанг, омӯзиш ва гардишгарӣ мубодилаи афкор намуданд.