Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё дидору гуфтугӯ кард

16.07.2026 21:32

16 июли 2026 дар ал-Кувайт мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё Носир ал-Мутайрӣ баргузор шуд.

Дар он мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмони мазкур дар соҳаҳои авлавиятноки он, таҳкими бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва он созмон ва мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин росто таъкид гардид, ки Тоҷикистон узви фаъоли Муколамаи ҳамкории Осиё буда, дар пешбурди ҳадафҳои созмон саҳми босазо мегузорад.

Шоёни ёдоварӣ аст, ки кишвари мо дар солҳои 2012-2013 раёсати ин созмони минтақавиро бар дӯш дошта, 29 марти 2013 Душанбе мизбони Ёздаҳумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё буд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg