Иштирок дар 16-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна

12.02.2026 15:30

8–11 феврали соли 2026 ҳайати олимон ва муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 16-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна, ки дар Давлати Кувайт баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, се нафар аз ҳайат ба дарёфти медалҳои тилло, се нафар ба медалҳои нуқра ва чор нафар ба медалҳои биринҷӣ сазовор гардиданд., ки дастоварди назарраси илми ватанӣ ба шумор меравад.
Дар маросими ҷоизасупорӣ вазири маорифи Давлати Кувайт доктор Ҷалол ат-Табтабаӣ, дуайени корпуси дипломатӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, инчунин аъзои корпуси дипломатӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва шумораи зиёди намояндагони васоити ахбори оммаи кувайтӣ иштирок доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар муаррифӣ ва таҳкими нуфузи илми миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg