
4–5 феврали соли 2026 дар Давлати Кувайт 5-умин ҷаласаи Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ таҳти унвони “Рушди фарогир дар давраи зеҳни сунъӣ” ва 2-юмин Форуми байналмилалии ҳамкории рақамӣ (International Digital Cooperation Forum – IDCF) баргузор гардид, ки дар кори чорабиниҳои мазкур муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзод иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Ассамблеяи умумӣ ҳамчун муҳимтарин чорабинии солонаи Созмони ҳамкории рақамӣ арзёбӣ гардида, дар он вазирон, сиёсатмадорон, роҳбарони ширкатҳои инноватсионӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ аз беш аз 60 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин чорабиниҳо баррасии авлавиятҳои ҳамкории рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал оид ба рушди соҳаи рақамикунонӣ дониста мешавад.