
1 феврали соли 2026 ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Панҷакент Нақибӣ Парвина дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба ҳузур пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳунармандони кишвар дар 2-юмин Форуми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунарҳо дар иқтисоди эҷодӣ”, ки аз 1 то 3 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт баргузор гардида истодааст, иштирок менамоянд.
Зимни пазироӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло аз иштироки фаъоли ҳунармандони тоҷик дар ин ҳамоиши байналмилалӣ истиқбол намуда, саҳми ҳунарҳои мардумиро дар муаррифии фарҳанги ғанӣ, таърих ва ҳувияти миллии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳамкории фарҳангӣ, мубодилаи таҷриба байни ҳунармандон ва пешбурди иқтидори иқтисоди эҷодӣ мусоидат менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба дастгирии ҳунармандон, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳифзу рушди мероси ғайримоддии миллӣ, бахусус ҳунари гулдӯзии сӯзанӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.