
1 феврали соли 2026 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои ташрифотӣ Абдулмуҳсин Аз-Зайд доир гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсиву фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.