Ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО 

10.09.2023 14:45

10-25 сентябри соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО баргузор мегардад, ки зимни он баррасии номинаҳои кишварҳои узв, ба вежа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар ҷаласаи мазкур 21 давлати узви ин Кумита (Аргентина, Белгия, Булғористон, Миср, Эфиопия, Юнон, Ҳиндустон, Италия, Ҷопон, Мали, Мексика, Нигерия, Уммон, Қатар, Федератсияи Россия, Руанда, Гренада, Арабистони Саудӣ, Африқои Ҷанубӣ, Таиланд ва Замбия), намояндагони кишварҳои узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги моддии соли 1972, роҳбарони комиссияҳои миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО-и кишварҳои аъзо, созмонҳои ҳукуматӣ, ғайриҳукуматӣ, коршиносон ва ғайра иштирок хоҳанд кард.


Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg