23 марти соли 2023 дар Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ инчунин рафти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо дар масоили марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ва дурнамои ҳамкориҳо дар пешбурд ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028" мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.