23 марти соли 2023 дар Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) Угочи Даниелс мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва раванди амалисозии лоиҳаҳои Созмон дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Угочи Даниелс бо ишора ба афзоиши рӯзафзуни таҳдиду чолишҳои глобалӣ, бахусус таъсири офатҳои табиӣ ба вазъи иқтисодию иҷтимоии давлатҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои кӯҳсор, омодагии Созмонро ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти худ дар амалисозии лоиҳаҳои марбута дар Тоҷикистон изҳор дошт.