Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

10.09.2021 17:45

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд.

Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад.

Дар баробари ин, ҳамватанони азизи мо хуб дар ёд доранд, ки то расидан ба ин рӯзгори осуда ва суботу оромии имрӯза мо марҳалаи басо пурталотуми таърихи навтарини худ ва роҳи пур аз хавфу хатарро паси сар намудем.

Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид созам, ки воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо як имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу ояндаи худ сабақҳои фаромӯшнашуданӣ гирифтем.

Сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқамон аз он иборат аст, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

Яъне ҳамаи мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона заҳмат кашем.

Мехоҳам бо хушҳоливу ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ободгари мо, аз ҷумла ҷавонони ватанпарвар, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу саховатпеша, хусусан, солҳои охир тамоми имконият ва саъю талоши худро барои ободии Ватан сафарбар кардаанд.

Имрӯз мебинем, ки симои кишвари азизамон аз пойтахти он – шаҳри Душанбе сар карда, то дурдастарин деҳаҳо ба таври куллӣ дигаргун шудааст, бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф гардидааст ва сатҳу сифати зиндагии мардумамон хеле боло рафтааст.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ба ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овардааст.

Ба ин хотир, муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Зеро маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд.

Мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азиз, кулли сокинони пойтахт ва ҳамаи шумо – иштироккунандагони чорабинии идонаи имрӯзаро ба ифтихори ҷашни бузурги истиқлолу озодии давлати тоҷикон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, хушбахтӣ, иқболи нек ва барои Ватани азизамон сулҳ, субот ва ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.

Зиндаву поянда бод истиқлолу озодии Тоҷикистон!

Ҷовидон бод сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманду тамаддунсози Тоҷикистон!

Ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

http://president.tj/node/26505

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg