Санаи 28 январи соли 2020 дар ш. Тегу мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Муовини Раиси шаҳри Тегу ҷаноби Чин Ки-Ҳун сурат гирифт.
Дар мулоқот, ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои судмандро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии хешро ҷиҳати баимзорасонии созишномаи бародаршаҳрӣ бо яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон баён намуданд.