Эълон оид ба ишғоли ҷойи кори холӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

31.12.2020 00:49

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея озмун барои ишғоли мансаби нозир-референт эълон менамояд.

Талабот нисбати довталабон:

• донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;

• дониши ҳаматарафа оид ба Ҷумҳурии Корея;

• донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, кореягӣ ва русӣ;

• дониши барномаҳои компютерӣ;

• интизоми намунавӣ ва аҳлоқи ҳамида

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Ариза оид ба ишғоли ҷойи кории холӣ ба номи Сафир;

2. Саволномаи (анкета) шакли муқарраршуда;

3. Тарҷумаи ҳол;

4. 2 дона расми ранга (4,5 х 6,5);

5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ ;

6. Нусхаи корти иденфикатсионии Корея (ID card);

7. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва

унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);

8. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар сурати доштан);

9. Маълумотномаи тиббии (тибқи тартиби муайянгардида);

10. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);

11. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

12. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;

Ҳуҷҷатҳо то 30 январи соли 2021 қабул карда мешаванд.

Суроға: 37, UN Village-gil 2, Yongsan-gu, Seoul

Телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 02-792-2535

Суроғаи электронӣ: tjkoreaemb@mfa.tj

Варақаи шахси

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg