Маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум

31.12.2020 02:18

Санаи 29 декабри соли ҷорӣ тариқи алоқаи маҷозӣ мулоқоти судманди Президенти Агентии Корея оид ба ташвиқи сармоягузорӣ ва савдо ҷаноби Квон Пён-о бо Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқи Амин ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон сурат гирифт, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ташкили форуму намоишгоҳҳои муштарак бо мақсади ҷалби бештари доираҳои кории Корея ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо баён намуданд.

Дар анҷом миёни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ баимзо расонида шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg