Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Форуми 13-уми ҳамкории "Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея"

25.11.2020 16:07

25 ноябри соли 2020 дар шаҳри Сеул 13-умин Форуми ҳамкории "Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея" баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидгоҳи Тоҷикистонро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар чорчӯби Форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа арз намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳаммияти вежа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳимми рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.

Дар чорчӯби Форум ҷаласаҳои алоҳидаи маҷозӣ роҷеъ ба масъалаҳои стандартизатсия, тандурустии омма, муҳити зист ва таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардиданд.

Иштирокдорони ҷаласа аҳаммияти масъалаҳои баррасишударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд. 

Гарчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои дигар низ шаклҳои монанди ҳамкориро доранд, лекин Форуми “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” ягона сиғаест, ки Котиботи худро созмон додааст.

Дар интиҳои нишаст Баёнияи муштарак ва Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2021 қабул шуданд.

Вазирони корҳои хориҷии Форуми "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея" қарор қабул карданд, ки мулоқоти оянда дар Душанбе баргузор гардад.

16-12-9.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg