Мулоқоти Вазири корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея

26.11.2020 21:01

26 ноябри 2020 дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) хонум Ли Ми-кюнг мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба  таҳким ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Агентӣ ва инчунин густариши робитаҳо дар доираи барномаи рушди захираҳои инсонӣ ва ҳамкории техникӣ табодули афкор намуданд. Дар баробари ин, барои кумаки мунтазами Агентӣ ба Тоҷикистон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ, энергетика, тандурустӣ ва кишоварзӣ баҳои баланд дода шуд.

Ҷониби Тоҷикистон даъват намуд, ки Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея  дар Душанбе ба мақсади таҳкими бештари ҳамкориҳо ифтитоҳ гардад.

16-12-6.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg