Санаи 2 июни соли ҷорӣ вохȳрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея – Юсуф Шарифзода бо Ли Ванг-ҷун - Мудири кулли беморхонаи “MYONGJI HOSPITAL” – и Корея дар робита ба роҳҳои пешгирии шуюи бемории COVID-19 дар Корея ва истифодаи таҷрибаи ин кишвар дар мисоли Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохȳрӣ, ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои тарафайнро бо беморхонаҳои Тоҷикистон дар самти пешгирии бемории COVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода, вусъат бахшидани корҳоро бо Тоҷикистон дар ин самт мувофиқи мақсад шумориданд.
Дар фарҷоми вохȳрӣ, роҳбарияти беморхонаи “MYONGJI HOSPITAL” кумаки башардȳстонаи хешро иборат аз маводи ташхисӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд.


