Санаи 11 майи соли ҷорӣ вохȳрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея – Юсуф Шарифзода бо Раиси Ҷамъияти дȳстии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ок-Рюн Ли дар робита ба шуюи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохȳрӣ, ҷонибҳо масоили рушди ҳамкории таваҷҷуҳи тарафайнро миёни Тоҷикистону Корея дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода, андешидани чораҳои иловагиро бо дарназардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Корея мувофиқи мақсад шумурданд.
Дар фарҷоми вохȳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дȳстии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ок-Рюн Ли кумаки башадȳстонаи доираҳои кории Кореяро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо шуюи бемории COVID-19 тақдим намуд.
