Санаи 8 майи соли ҷорӣ дар бинои намояндагӣ вохȳрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея – Юсуф Шарифзода бо роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ш. Сеул баргузор гардид.
Зимни вохȳрӣ, ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор дода, вусъат бахшидани корҳоро дар ин самт ҷонибдорӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохȳрӣ, намояндагони Палатаи савдо ва саноат дар ш. Сеул кумаки башардȳстонаи хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо шуюи бемории COVID-19 тақдим намуданд.

