Санаи 24 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Парани вилояти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея вохȳрии Сафири Тоҷикистон – Юсуф Шарифзода бо зиёда аз 100 нафар ҳамватанонии бурунмарзии муқими ин кишвар баргузор гардид.
Зимни вохȳрӣ, роҳбари намояндагӣ роҷеъ ба шуюи бемории сироятии (COVID-2019) дар ҷаҳон сухан ронда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин як ҳисса ниқобҳои тиббӣ, маҳлули дастшȳйи ва маводи хȳрока тақдим намуд.


