Санаи 23 апрели соли 2020 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея- Шарифзода Юсуф Тоир бо Президенти Агентии савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) – ҷаноби Квон Пёнг-о мулоқот намуд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои таваҷҷуҳи тарафайн ва таъсиси бахши намояндагии KOTRA дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.

