Санаи 17 апрели соли 2020 дар бинои намояндагӣ, маросими супоридани кумаки башардӯстонаи ширкати “THE TIMES CO.,LTD” дар мавриди пешгирии шуюи бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҳошияи маросим, Сафири Тоҷикистон – Шарифзода Юсуф суханронӣ намуда, барои кӯмаки башардӯстонаи ширкат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
