Боздиди кории Сафири Тоҷикистон аз Фурудгоҳи байналмилалии “Incheon”

13.03.2020 17:01

Санаи 13 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея боздиди кории Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корея Юсуф Шарифзода аз Фурудгоҳи байналмилалии “Incheon” бо мақсади шиносоӣ аз чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Корея дар мавриди мубориза бо бемории сироятии (COVID-2019) сурат гирифт.

Дар ҳошияи сафари мазкур, Ситоди карантини фурудгоҳ роҷеъ ба тадбирҳои пешагирифтаи ҳукумат дар мубориза бо (COVID-2019) маълумоти муфассал ироа намуда, ҳайатро бо дастгоҳҳои замонавии фурудгоҳ аз наздик шинос намуданд.

654.jpg

432.jpg

3333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg