БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ТАҲСИЛ, КОР ВА ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯНД!

29.01.2020 12:52

Тавре, ки огоҳем, бемории сирояти коронавирус 2019-nCoV дар Ҷумҳурии Корея ҳолатҳои тасдиқшуда мавҷуд аст ва рӯзҳои охир боиси ба таҳлука афтодани одамони зиёд шудааст.

Бинобар ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ба донишҷӯёни тоҷикистонии муҳассили донишгоҳҳои олии кишвари иқомат ва дигар шаҳрвандони мо, ки дар қаламрави Корея қарор доранд, муроҷиат намуда, ба мақсади пешгирӣ ва сирояти ин вирус огоҳ менамояд, ки қоидаҳои зерини беҳдоштиро риоя намоянд:

  • худдорӣ намудан аз нӯшидани оби ноҷӯшонида аз системаҳои марказии обтаъминкунӣ;
  • истеъмол накардани ғизои хом ва ба таври кофӣ коркарднашудаи маҳсулоти гӯштӣ, ки ба таври лозимӣ пухта (ҷӯшонда ва ё бирён) нашудаанд, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ;
  • бо собун зуд-зуд шустан ва бо маҳлулҳои безараргардонӣ (дезинфекция) кардани даст пеш аз хурокхӯрӣ, таъомул намудани сабзавот ва меваҷот;
  • худдорӣ намудан аз гаштугузори бардавом дар ҷойҳои серодам;
  • истифода намудан аз ниқоб (даҳонбандак) ҳангоми боздид аз ҷойҳои ҷамъиятӣ;
  • худдорӣ намудан аз тамоси наздик бо шахсе, ки табларза ва сулфа дорад;
  • дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа ва нафаскашии душвор фавран ба духтур муроҷиат кунед ва оид ба таърихи сафар ё тамосро дар давоми як моҳи охир маълумот диҳед.

Ин вирус, ки нахуст дар шаҳри Вухани вилояти Хэбейи Ҷумҳурии Мардумии Чин пайдо шуда, дар дигар шаҳрҳо низ ба қайд гирифта шудааст, айни замон нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Бо вуҷуди он, ки ҳоҷати ба таҳлука афтодан нест, Сафорат бар он назар аст, ки нигоҳ доштани тадбирҳои беҳдоштӣ муҳим мебошанд.

Аз ин лиҳоз, дар муроҷиат ба шаҳрвандони мо хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати эҳсос намудани нишонаҳои гирифтори ба бемориҳои шамолхӯрда, аз қабили ҳарорати баланд, хастагии ҷисм, сулфаи кӯтоҳ ва нафаскашии душвор ҳатман ба духтурон муроҷиат намоянд.

Айни замон, ба хабару овозаҳои иғвоангез, ки дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда истодаанд, дода нашуда, тартиботи зеринро риоя намоед:

  1. Иҷрои бечунучарои талаботи мақомоти Ҷумҳурии Корея дар мавриди риояи тартиботи ҷорӣ;
  2. Барқарор намудани алоқа бо Сафорати Тоҷикистон дар Корея танҳо тавассути сомонаи расмии он, саҳифаи Facebook-и Сафорат, почтаи электронӣ (tjembkorea@mfa.tj) ва рақами телефони намояндагии дипломатӣ: 02 792 25 35
  3. Ҳангоми муроҷиат ному насаби пурра, шаҳри иқомат, суроға (адрес), номи пурраи Донишгоҳ ва рақами телефони нафари муроҷиаткунанда бояд зикр карда шавад.

 Худро эҳтиёт кунед ва саломат бошед!

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 дар Ҷумҳурии Корея

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg