Санаи 10 январи соли 2020 дар бинои намояндагӣ, вохȳрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Корея Юсуф Шарифзода бо Раиси Ассотсиатсияи сайёҳии Корея Ҷонг Ҳэ Ҷин роҷеъ ба бароҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо вобаста ба имконияту дастовардҳои сайёҳии кишварамон табодули назар намуда, сафарбар намудани ҳайати Ассотсиатсияро ба Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
