Санаи 26 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси намояндагӣ, дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Корея, иштироки фаъоли ҳамватанони бурунмарзии муқими Корея дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъмин гашт.
Баъд аз Паёми Роҳбари давлат, Сафир роҷеъ ба дастуру ҳидоят ва иқдомҳои роҳбари давлатамон дар мавриди ободкориву созандагӣ сухан ронда, аз ҳамватанони бурунмарзӣ даъват ба амал оварданд то дар рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд.

