Санаи 4 декабри соли ҷорӣ вохȳрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Шарифзода бо Муовини Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Ҷу-ёнг баргузор гардид.
Зимни вохȳрӣ, ҷонибҳо масаъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор дода, ташрифи сафарҳои ҳайати вакилони Парлумони Тоҷикистону Кореяро ҷиҳати тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Илова бар ин, дар ҳошияи вохȳрии мазкур боздиди ҷонибҳо аз Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Корея сурат гирифт.