Санаи 29 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шарифзода Юсуф Тоир ва Раиси Намояндаи Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея – хонум Ҳонг Пёнг-сун ифтитоҳи расмии бахши Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Чунчони вилояти Кангвондои Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Зимни суханронии хеш, Сафир аз ифтитоҳи бахши намояндагии Палатаи савдо ва саноати кишвар изҳори хушнудӣ намуда, онро қадами устувор барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.