15 апрели 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул бо иштироки намояндагони воситаи ахбори оммаи кишвари иқомат, инчунин Маркази байналмилалии ЮНЕСКО оид ба амнияти об ва мудирияти устувор роҷеъ ба омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ( 25-28 майи 2026, ш. Душанбе), доир гардид.
Нахуст, cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром вобаста ба “Раванди оби Душанбе” суханронӣ карда, муҳиммияти ин чорабинии муҳимро дар ҷараёни омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва Конфронси оби СММ дар соли 2028 таъкид намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбари намояндагӣ роҷеъ ба Конфронси мазкур, аз ҷумла вобаста ба баргузории ҷаласаҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо, намоишгоҳ ва барномаҳои фарҳангӣ, ки дар ҳошияи Конфронс пешбинӣ шудаанд, маълумоти муфассал ироа гардид.