3 феврали соли 2026 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея хонум Ий-ҳэ Сесилиа Чунг баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили гуногуни рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар ҳошияи Форуми "Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея" мубодилаи афкор намуданд.