19 январи соли 2026 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо директори кулли Раёсати кишварҳои Осиёи Шимолӣ ва Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Ёнгшин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили гуногуни муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
