15 январи 2026 вохурии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Мудири кулли шабакаи минтақавии CITYNET Чанг Ҷе-бок баргузор гардид.
Зимни суҳбат мавзуи роҳандозии ҳамкории ин шабакаи шаҳрҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо шаҳрҳои кишварамон баррасӣ шуд.