12 январи 2026 бо ташаббуси Идораи маорифи музофоти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони соҳаи маорифи кишвар иштирок намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф ва ташкили барномаҳои мубодилаи донишҷӯён дар самти таҳсилоти миёна ва касбӣ баррасӣ намуданд.