Вохурӣ дар Агентии ташвиқи тиҷорату сармоягузории Корея (KOTRA)

01.12.2025 20:15

1 декабри 2025 ҳайати кишварамон бо роҳбарии муовини Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Ҷамолзода бо Ноиби аршади иҷроияи Президенти Агентии ташвиқи тиҷорату сармоягузории Корея (KOTRA) Ҳисанг Ли мулоқот намуд.

 

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати ташвиқи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, табодули ҳайатҳо барои иштирок дар форумҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ , инчунин дигар мавзуҳои мавриди ҳавасмандии тарафҳо, табодули афкори судманд карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg