1 декабри 2025 дар шаҳри Вонҷу мулоқоти муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо Мудири иҷроияи Корпоратсияи барқарорсозии конҳо ва захираҳои минералии Корея (KOMIR) Ёнгcик Ҳванг баргузор гардид.
Ҷонибҳо аснои суҳбат мавзуи густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи кашф, барқарорсозии конҳо ва истихроҷу коркарди маъданҳои муҳим, матраҳ карданд.