3 декабри 2025 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар пазироии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ким Мин-сок, ки ба ифтихори корпуси дипломатии муқими Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, иштирок кард.
Зимни сӯҳбати кӯтоҳ ҳавасмандии ҷонибҳо барои рушди бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои мухталиф, махсусан дар самти истихроҷ ва коркарди минералҳои муҳим таъкид гардид.