6 октябри 2025 дар шаҳри Сеул, дар доираи ҷашнвораи фарҳангии кишварҳои Осиё ҳунарнамоии дастаҳои ҳунарии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин барнома ансамбли давлатии Фалак муаррифӣ кард.
Суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандони боистеъдоди тоҷик Фотима Машрабова ва Шоҳин Абдуллоев, инчунин оҳангҳои ҷаззоби дастаи ҳунармандони тоҷик писанди тамошобинони сершумори кореягӣ гардид.