29 августи 2025 мизи мудаввари кишварҳои Корея-Осиёи Марказӣ дар мавзуи “ Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф” баргузор шуд.
Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Директори иҷроияи Котиботи Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВАО-и кишвари иқомат ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Муҳаммадраҷабзода роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар соҳаи маорифи кишвар маълумоти муфассал пешкаш кард.