14 апрели соли 2025 вохурии cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо иҷрокунандаи вазифаи муовини вазири фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея Ким Ҳюнҷун баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар самтҳои фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.