Нахустин Форуми ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар Сеул

27.11.2024 03:46

26 ноябри 2024 дар шаҳри Сеул нахустин Ҳамоиши ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода дар чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни чорабинӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон бо минтақаҳои Корея баррасӣ шуданд.

Ба иштирокдорон дар бораи имкониятҳои ноҳияи Данғара, аз ҷумла маълумоти муфассал оид ба Минтақаи озоди иқтисодии Данғара рӯнамоӣ пешкаш гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg