4 ноябри 2024 дар шаҳри Сеул 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ иштирок намуд.

05.11.2024 01:02

Иштирокдорони Форум перомуни мавзуҳои Форуми 17-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея - роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои занҷираи таъминот, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, рақамикунонӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар суханронии худ аҳаммияти мавзуҳои баррасишавандаро дар дурнамои ҳамкориҳои судманд дар чорчуби Форуми мазкур таъкид намуда, пешниҳодҳои ҷониби моро ҷиҳати рушди минбаъдаи ин ҳамкориҳо, бо дарназардошти иқтидору имкониятҳои захираҳои обӣ, гидроэнергетика, металлҳои ранга, канданиҳои фоиданок, сайёҳӣ ва ғайра манзур кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg