2 майи 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Дабири кулли Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) Фрэнк Рейсберман баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо мавзуҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI)-ро бахусус дар заминаи энергияи таҷдидшаванда ва рушди устувор баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин иштироки намояндагони ниҳоди номбурда дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, матраҳ гардид.