23 апрели 2024 мулоқоти сафир бо директори генералии Раёсати ҳамкории байналмилалии Маҷмааи умумии Шӯрои оби Осиё/ Созмони захираҳои оби Корея (K-water) Чо Йонгдок баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи об, аз ҷумла иштироки намояндагони Созмони номбурда дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баррасӣ намуданд.