19 апрели 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо ректори Донишгоҳи Йонгнами Корея Чой О-чул мулоқот намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо мавзуи роҳандозии ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишварро, махсусан ҷиҳати омодасозии мутахассисони соҳаи рушди устувор, аз ҷумла табодули таҷрибаи рушди маҳали кишвари иқомат дар мисоли Барномаи “Saemaul Undong“ матраҳ намуданд.